Тафтиши ҳодисаи қатли собиқ сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар ВМКБ Абдулло Назаров ба итмом расида, парванда барои баррасӣ ба суд ирсол мегардад. Радиои «Озодӣ» иттилоъ медиҳад, ки ба рӯзноманигорон дар ин бора прокурори ВМКБ Муҳаммад Арбобов хабар додааст.
Ёдрас мекунем, ки генерал Назаров шоми 21-уми июли соли гузашта зимни бозгашт аз Ишкошим дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта, кушта шуд. Пас аз ин ҷиҳати боздошт ё нобуд кардани гунаҳкорони қатли генерал, дар Хоруғ амалиёти низомии сохторҳои қудратӣ роҳандозӣ шуда, тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷараёни он 13 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва 30 тан аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба ҳалокат расиданд.
Мувофиқи натоиҷи тафтишот, дар куштори генерал Абдулло Назаров ду нафар сокинони ВМКБ айбдор карда мешаванд.
Прокурори вилоят Муҳаммад Арбобов зикр кард, ки «соли 2012 дар қаламрави ВМКБ чор ҳодисаи куштор ба қайд гирифта шуда, як ҳодиса – куштори генерал Абдулло Назаров ошкор шудааст».
Ба қавли прокурор, то ҳанӯз аз рӯи далелҳои куштори собиқ қумондони нерӯҳои мухолифин Имомназар Имомназаров, суиқасд ба ҷони прокурори ноҳияи Рӯшон ва ба қатл расонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар посгоҳи мавзеи Шидзи ноҳияи Рӯшон тафтишот ба анҷом нарасидааст. Прокурори вилоят изҳор намуд, ки парвандаи қатли Абдулло Назаров дар ихтиёри Прокуратураи генералӣ аст ва аз ин рӯ, ӯ аз ифшои маълумоти бештаре дар бораи ҷузъиёти он худдорӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, радии «Озодӣ» бо такя ба гуфтаҳои Файзи Олӣ, адвокати айбдоршавандагон дар куштори генерал хабар медиҳад, ки дар қатли генерал Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Гулназар муттаҳам дониста шуда, парвандаи онҳо ба суд ирсол мегардад.
Пас аз оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ рӯзи 24-уми июли соли гузашта айбдоршавандагон дар куштори генерал Абдулло Назаров ихтиёран ба нерӯҳои ҳукуматӣ таслим шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста