Кормандони Агентии назорати маводи нашаъовари назди президенти Тоҷикистон бо роҳандозии як амалиёти бобарори фаврӣ, садди роҳи интиқоли бештар аз 21 кило маводи мухаддир ба Русия шуданд.
Бино ба маълумоти Агентии мазкур, ин амалиёт муддати дурудароз тарҳрезӣ мешуд ва ҳаракати як гурӯҳи гумонбар ба ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди пайгирӣ қарор мегирифт.
«Ниҳоят, 21 январи соли равон марҳилаи ниҳоии амалиёти мазкур дар қаламрави ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон анҷом гирифт ва дар наздикии деҳаи Ибрат ба гумони қочоқи мухаддирот ду нафар аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон, ки ҳар кадом аз 27 сол беш надоштанд, боздошт гардиданд», - омаддаст дар иттилои Агентӣ.
Ба иттилои манбаъ, аз дастгиршудагон 20,5 кило маводи мухаддири афюн ва 1 кило ҳашиш мусодира шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, барои боздошти шарикони дигари гумонбарон чораҳо андешида мешаванд. Айни замон дастгиршудагон дар тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ нигаҳдорӣ мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста