Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноят сардори Шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир (ОБНОН)-и шаҳри Қӯрғонтеппа Шодибек Султонов боздошт шуд.
Бино ба гуфтаи сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон Ҷамшед Сангов, ӯ аз ҷониби кормандони раёсати мазкур ҳанӯз ахири моҳи ноябри соли гузашта боздошт гардида будааст.
«Султонов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 316-и КҶ ҶТ (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) гунаҳкор дониста мешавад. Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки ӯ ҳамроҳи ду нафар кормандони дигари милиса ва як шаҳрванди қаторӣ се нафар муҳоҷирони кории ба ватан баргаштаро боздошт намуда, онҳоро ба дуздӣ айбдор ва 350 ҳазор еврои онҳоро азхуд мекунанд», - зикр кард Сангов.
Ба қавли ӯ, се нафари ҳамроҳи Султонов фирор намуда, мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд ва тафтишот нисбати ин далел давом дорад.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар вилояти Хатлон 18 далели аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ баромадани кормандони милиса ба қайд гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста