Адвокатҳои наврасе, ки аз ҷониби нозири минтақавии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон мавриди шиканҷа қарор гирифта буд, пардохти ҷубронпулии моддӣ ба ҷабрдида аз шуъбаи милисаро талаб доранд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз адвокатҳои аз ҷониби Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон пешниҳодшуда Абдураҳамон Шарифов хабар дод, суд нозири минтақавии милиса Машраф Алиевро ба 7 соли зиндон маҳкум намуда, даъвои ҷуброни зарари моддӣ ба навраси ҷабрдида дар ҳаҷми 1 ҳазору 600 сомониро қонеъ намуд, аммо варақаи иҷрои санаи 12-уми ноябри соли 2012 аз ҷониби суди ноҳияи Ёвон додашуда то ҳанӯз ба иҷро нарасидааст, ки риоя накардани талаботи қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» мебошад.
«Ҳангоми ба намояндаи қонунии ҷабрдида – бобои наврас Рауф Қаюмов додани варақаи иҷро, ҳуқуқҳои дар моддаи 7-и қонуни зикршуда пешбинишудаи ӯ, маҳз «аз суд дархост кардани ба маҳалли иҷро фиристодани варақаи иҷро» шарҳ дода нашудаанд», - иброз дошт адвокат.
Ба қавли ӯ, акнун аз номи Қаюмов ба унвони суд ҷиҳати фиристодани варақа барои иҷро ва рӯёнидани маблағи зарари моддӣ дархост пешниҳод мегардад. «Ҳамчунин аз ҷониби мо масъалаи пардохти ҷуброни зарари маънавӣ ба наврас низ пешниҳод шуда, айни замон дар робита ба ин далелу асноди зарурӣ мавриди таҳия қарор доранд», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи сентябри соли гузашта дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ бори нахуст собиқ нозири минтақавии милисаи ноҳияи Ёвон Машраф Алиев ба истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ муттаҳам дониста шуда, ба 7 соли зиндони низомаш шадид маҳкум гардида буд. Ин нахустин ҳукм мутобиқи моддаи «Шиканҷа» аст, ки моҳи апрели соли 2012 ба Кодекси ҷиноятии ҶТ ворид карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста