Аз ҷониби кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Деҳнаваки болои ноҳияи И.Сомонӣ автомашинаи тамғаи «Камаз» таҳти идораи ронанда Мубинҷон Ахмедов, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, боздошт гардидааст, ки ҳангоми кофтукови автомашина 14 килою 700 грамм маводи нашъадори «афюн» ва 14 кило маводи нашъадори «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шуд. Дар маҷмӯъ вазни умумиашон 28 килою 700 граммро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, вобаста ба ин ҷинояти мазкур, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрвандон: Қаландаров Бадриддин Валиевич соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Шаҳринав, пеш бо моддаи 200 КҶ ҶТ суд шудааст, Ҳафизов Сафаралӣ Маҷидович соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Ҷ.Румӣ, пеш бо моддаи 200 КҶ ҶТ суд шудааст ва Нозимов Шоҳин Азизуллоевич соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Назаршоеви пойтахт дастгир карда шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста