Зимни нишасти хабарӣ роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор намуд, ки ба наздикӣ масъалаи истирдоди пешвои ҳаракати мухолифи ҳукумати «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистон ҳаллу фасл мешавад.
Тибқи баъзе маълумоти дар ихтиёри ОИ «Азия-Плюс» қарордошта, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аллакай дар Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб) қарор доранд.
Ба гуфтаи Саидов, У.Қувватов ғоибона мутобиқи моддаи 247, қ. 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) айбдор карда мешавад. «Муайян карда шудааст, ки Қувватов маблағи 30 адад автомашинаҳои тамғаи «Дуланг»-ро, ки ба Тоҷикистон оварда шудаанд, ба ду нафар шаҳрвандони Чинро пардохт накардааст. Ғайр аз ин, оид ба далели қаллобии Қувватов дар Агентӣ боз чор аризаи дигари шаҳрвандони Тоҷикистон мавҷуданд», - гуфт ӯ.
Роҳбари Агентии зиддифасод мегӯяд, ҳамчунин дар Агентӣ аризаҳои шаҳрвандони хориҷӣ мавҷуд аст, ки гаравгонгирии онҳо аз ҷониби Қувватовро тасдиқ месозанд.
Ёдрас мекунем, ки Умаралӣ Қувватов санаи 23-юми декабри соли гузашта дар фурудгоҳи шаҳри Дубай боздошт шуд. Бино ба маълумоти islamnews.tj, ду сол қабл чанде аз тоҷирону сиёсатмадорон ва иқтисодчиёну ҷомеашиносони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки ба як гурӯҳи ҳамфикрон муттаҳид шуда, баҳри беҳбуди вазъи кишвар на каму на зиёд ба ивази ҳокимияти кунунии Эмомалӣ Раҳмон даст бизананд. Онҳо дар бораи таъсиси иттиҳодияи сиёсии мухолифини ҳуккумати Тоҷикистон – «Гурӯҳи 24» эълом доштанд, ки онро Умаралӣ Қувватов сарварӣ мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста