Мурофиаи аввали додгоҳии баррасии даъвои Рустам Ҳукумов, писари раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амоннуло Ҳукумов нисбати рӯзномаи «ИмрӯзNews» дар суди ноҳияи Синои пойтахт рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, санаи 11-уми феврал доир мегардад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди ноҳияи Сино Зокир Аминов хабар дод.
Ба гуфтаи вай, дар даъвояш Рустам Ҳукумов изҳор мекунад, ки ӯ ба хулосаҳои журналист дар мавриди гӯё аз ҷониби ҳукуматдорони тоҷик «иваз шудани ӯ ба халабонони русиягиву эстонӣ Владимир Садовничий ва Алексей Руденко аз ҳабс» қатъиян розӣ нест.
«Дар аризаи даъвогӣ Рустам Ҳукумов тақозо кардааст, ки ин далел аз ҷониби идораи рӯзнома собит карда шавад», - гуфт ӯ.
Дар идома Зокир Аминов иброз дошт, ки дархости Р.Ҳукумов дар бораи пушти дарҳои пӯшида сурат гирифтани баррасии даъво дар ҷараёни мурофиаи аввал муҳокима мешавад.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январ Рустам Ҳукумов ба суди ноҳияи Синои пойтахт нисбати рӯзномаи «ИмрузNews» оид ба ҳифзи шаъну эътибор даъво пеш овард. Дар аризаи даъвогӣ Р.Ҳукумов аз суд дархост намудааст, ки аз идораи рӯзнома ба манфиати ӯ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ товони зарари маънавӣ рӯёнида шавад.
Нашри мавод дар рӯзнома таҳти унвони «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» - и падарҳо шудаанд» аз 16-уми октябри соли гузашта ба пешниҳоди аризаи даъвогӣ боис гардидааст.
Соли 2010 Рустам Ҳукумов дар Русия ба иттиҳоми даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 9,5 соли зиндон маҳкум шуда, моҳи декабри соли 2011 аз рӯи ҳамин парванда бегуноҳ эътироф шуд.
Он замон аксари коршиносон этирофи бегуноҳии Р.Ҳукумовро ба озодии халабони рус Владимир Садовничий ва ҳамтои эстонии ӯ Алексей Руденко рабт доданд, ки соли 2011 аз ҷониби суди Қӯрғонтеппа ба муддати 8,5 соли зиндон маҳкум гардида, сипас бо қарори зинаи таҷдиди назари судӣ муҳлати ҷазояшон то 2 солу 6 моҳ кам ва аз толори суд озод карда шуда буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста