Ба баргузор намудани як чорабинӣ бахшида ба мавлуди Паёмбар Муҳамммад (с) дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Кӯлоб кормандони мақомоти маҳаллии милиса дахолат карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳайит хабар дод, ин амали худро кормандони милиса бо он шарҳ додаанд, ки чорабинӣ бидуни мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ созмон дода шудааст.
«Аз рӯи ин далел раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб Абдусамади Ғайрат ба шуъбаи милиса даъват шуда, пас аз додани баёнот ӯро ҷавоб додаанд», - зикр кард М.Ҳайит.
Ба қавли муовини раиси ҲНИТ, кормандони милиса далел овардаанд, ки мувофиқи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ», баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба мавлуди Паёмбар Муҳаммад (с) дар кишвар манъ аст.
«Бахшида ба мавлуди Паёмбар Муҳаммад (с) ҲНИТ дар саросари кишвар чорабиниҳо доир менамояд ва дар ҳеҷ ҷое ба ин монеъа эҷод намесозанд, ба ҷуз ҳукуматдорони шаҳри Кӯлоб. Имрӯз бахши ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб ният дорад, ки аз болои амали кормандони милиса ба прокуратураи шаҳр шикоят барад», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста