Суди шаҳри Хуҷанд сокини 27-солаи деҳоти Яккабоғи ноҳияи Истаравшан Ҷасур Қурбоновро барои паноҳгоҳ додан ба узви фаъоли Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва додани пора ба корманди Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккил ба 9,5 соли зиндон маҳкум кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» судяи суди шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Аҳроров хабар дод, маҳкумшуда ҳамроҳи ҳамсараш дар бозори «Сомон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият мекардааст. «Бо хоҳиши хусураш, ки ҳамроҳи падари ӯ пас аз содир шудани амали террористӣ дар Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккил дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, ӯ як сокини ноҳияи Қубодиён, узви фаъоли ҲИӮ-ро паноҳгоҳ медиҳад. Ин шахс аз Маскав баргашта, баъди чанде аз ҷониби мақомоти махсуси Қирғизистон дар қаламрави ин кишвар дастгир карда мешавад», - иброз дошт судя ва зикр кард, ки маҳкумшуда гӯё намедонистааст, ки ин шахс узви ҲИӮ аст.
Ба қавли ӯ, дар идома Қурбонов ба муовини сардори Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккил барои ба манфиати ӯ ҳал кардани ин кор дар ҳаҷми 6 ҳазор сомонӣ пора пешниҳод мекунад, вале ҳангоми додани пора аз ҷониби кормандони прокуратураи вилоят боздошт мегардад.
Зимнан зикр гардид, ки маҳкумшуда муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш шадид адо хоҳад кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста