Барои узвият дар созмони Ҳаракати исломии Ӯзбекистон як сокини вилояти Суғд ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур, судяи суди шаҳри Хуҷанд Мусулмон Шарифов хабар дод, сокини 40-солаи шаҳри Панҷакент Фахриддин Бозоров дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 187, қ. 2 (Иштирок дар гурӯҳи ҷинояткорӣ) ва 307, қ. 2, дараҷаи 3 (Ташкил кардани фаъолияти созмони ифротгароӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста шуда, бо мусодираи амвол ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.
«Муқаррар карда шудааст, ки Ф.Бозоров шурӯъ аз соли 2008 узви фаъоли Ҳаракати исломии Ӯзбекистон буда, санаи 16-уми сентябри соли 2012 аз ҷониби кормандони Раёсати КДАМ-и вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд дастгир шудааст», - зикр кард Шарифов.
Ба қавли ӯ, мӯҳлати ҷазоро маҳкумшуда дар зиндони низомаш шадид адо хоҳад кард. «Ҳукм ҳоло мавриди амал қарор нагирифта, аз болои он шикоят бурдан имконпазир аст», - афзуд номбурда.
Бино ба маълумоти прокурори вилояти Суғд Шариф Қурбонов, соли 2012 дар қаламрави вилоят нисбати 72 нафар сокинони вилоят - аъзои фаъоли ҳизбу созмонҳои мамнӯъи «Ҳизб-ут-Таҳрир», Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва «Ҷамоати Таблиғ» 11 парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста