Суди низомии гарнизони вилояти Хатлон баррасии такрории парвандаи ҷиноӣ нисбати хизматчии ҳарбии қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи ҶТ сарбоз Пирмадбой Мамадалиро тибқи моддаи 104, қ. 1-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) оғоз кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур судяи суди низомии гарнизони вилояти Хатлон Зоир Мӯъминов хабар дод, рӯзи 25-уми декабр ҳайати мушовараи кассатсионии Суди олии ҶТ шикояти айбдоркунандаи давлатиро баррасӣ намуда, ҳукми суди низомии гарнизони вилояти Хатлон аз 11-уми октябри соли 2012-ро бекор кард. Акнун парванда барои баррасии такрорӣ дар ҳайати нави суд фиристода шудааст.
«Мо намояндаи ҷониби ҷабрдидаро интизор будем, вале аз он ҷониб мактуб гирифтем, ки онҳо иштирок дар мурофиаи судиро рад намуда, зикр кардаанд, ки ба судшаванда даъво надоранд», - иброз дошт судя.
Зимнан зикр гардид, ки ҷаласаи навбатии судӣ оид ба ин парванда санаи 25-уми феврали соли равон баргузор мешавад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 11-уми октябри соли гузашта Суди ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон хизматчии ҳарбии қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар ноҳияи Бохтар Пирмадбойи Мамадалиро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 387, қ. 2-и КҶ ҶТ (Вайронкунии қоидаҳои муносибат бо яроқ ва бо предметҳое, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад ва аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардидааст) гунаҳкор дониста, ӯро ба 3 соли зиндони низомаи умумӣ маҳкум кард.
Прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа нахуст нисбат ба Пирмадбойи Мамадалӣ мутобиқи моддаи 104, қ. 1-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд. Сарбозро бар барқасдона куштани ҳамхизмати худ Холҷигитов айбдор карда буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста