Дар парвандаи махфии Димон Ашӯров (Давлатбек Давлатбеков) айбномаҳои нав илова шуданд.
Акнун ба ҷуз қаллобиву сохтакории ҳуҷҷатҳо ӯ дар содир намудани ҷиноят бо аломатҳои моддаҳои 187 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 188 (Бетартибиҳои оммавӣ), 328 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) ва 365 (Гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ)-и КҶ ҶТ гумонбар дониста мешавад.
Тавре ҳимоятгари гумонбаршуда Шуҳрат Қудратов хабар дод, Димон Ашӯров ба гуноҳи худ танҳо дар қаллобиву сохтакории ҳуҷҷатҳо иқрор шудааст. Айни замон ҳимоятгар имкони таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба мақомоти тафтишотро баррасӣ дорад, ки даст надоштани Ашӯров дар айбномаҳои нави эълоншударо собит месозанд.
«Санаи 21-уми декабри соли гузашта Прокуратураи генералӣ тамоми иштирокчиёни рӯйдодҳои Хоруғро, ки ихтиёран аслиҳаашонро таслим карданд, афв намуд ва маъракаи ихтиёрӣ супурдани аслиҳа бидуни муайян кардани шахсият сурат гирифт. Ин маънои онро дорад, ки ҳамаи ин шахсон аз масъулияти иштирок дар рӯйдодҳои Хоруғ озод мешаванд, вале бо кадом сабабе Ашӯров аз ин афв дар канор монд», - иброз дошт ҳимоятгар.
Ба қавли Қудратов, масъалаи дигари боиси ташвиши ҳимоя дар махфӣ баррасӣ шудани парванда аст, ҳарчанд дар он маълумоти мансуб ба иттилои махфӣ ё сирри давлатӣ мавҷуд нест.
«Зимни вохӯри бо ман Ашӯров аз бад шудани вазъи солимиаш шикоят кард. Ӯ аз дарди пойҳои ҷарроҳишудааш азият мекашад, вале дар тавқифгоҳи мувақатии КДАМ шароити муолиҷа нест. Ашӯров ба таъҷилан бистарӣ шудан дар бемористон ниёз дошта, дар сурати хеле бад шудани вазъи саломатии ӯ, мақомоти тафтишот ва давлат масъуланд», - мегӯяд ҳимоятгар.
Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии ҶТ, Димон Ашӯров тобистони соли 2012 дар Хоруғ ба гумони даст доштан дар қаллобии содирнамуда дар соли 2004 боздошт шуда, зимни кӯшиши фирор худро аз ошёнаи сеюми бинои Раёсати ВКД ба замин меафканад ва бар асари он ду пояш мешиканад. Сипас барои табобат ба Чин раҳсипор гардида, аз он ҷо боздошт ва ба Тоҷикистон фиристода шуда буд.
Моҳи январи соли равон прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода зимни нишасти хабарӣ ба журналистон иттилоъ дод, ки истирдоди Давлатбек Давлатбеков (Димон Ашӯров) аз Чин ба Тоҷикистон бар асоси Созишнома миёни кишварҳо дар ин хусус сурат гирифтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста