Дар прокуратураи ноҳияи Синои пойтахт оид ба далели сирояти кӯдакон ба Ангезандаи пазируфтаи масунияти одам (ВИЧ) парвандаи ҷиноӣ боз гардид.
Парванда аз рӯи далелҳои сироят ба ВИЧ-и қаҳрамонони як силсила маводи ҳафтавори «Азия-Плюс» (« Ребенка заразили ВИЧ в больнице? », «Моего сына заразили СПИДом!» , «Опять ребенка заразили ВИЧ…» и « ВИЧ. Еще один зараженный ребенок ) оғоз шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали прокурори ноҳияи Сино Мухтор Маҳмудов хабар дод, парванда мутобиқи моддаи 126 КҶ ҶТ (Сироят кардан бо инфексияи ВИЧ) тафтиш мешавад. «Истеҳсолоти чор далел дар як парванда муттаҳид шуда, тафтиш идома дорад», - гуфт ӯ ва бо такя ба сирри тафтишот аз ифшои маълумоти дигар дар ин хусус худдорӣ варзид.
Салим Ҳалимов (ном иваз шудааст), падари яке аз қаҳрамонони маводи ҳафтавор, изҳор намуд, ки ҳангоми баргузор намудани амалҳои тафтишотӣ муфаттиш бо ӯ ҳамсуҳбат шудааст.
«Вазорати тандурустӣ дар бораи ғайриимкон будани вақт ва макони сигряти кӯдак маълумот медиҳад. Ман бар ин боварам, ки кӯдакам дар бемористони пойтахт сироят шудааст, зеро ӯ дар ҳамон ҷо тавассути хуни донорӣ ва таҷҳизоти тиббӣ муолиҷа гирифта буд», - иброз дошт ӯ ва таъкид намуд, тибқи натоиҷи ташхис, ба ҷуз писари хурдӣ дар ҳеҷ кадоме аз аҳли оила инфексияи ВИЧ ошкор нашудааст.
Ба қавли Ҳалимов, ба ӯ дар таҳияи ҳуҷҷатҳо барои пешниҳод ба прокуратура Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар ҶТ кӯмак расонидааст.
Номбурда изҳори умедворӣ кард, ки парвандаи ҷиноӣ мунсифона баррасӣ шуда, шахсони гунаҳкор ошкор ва минбаъд муҷозот мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста