Суди шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи маъмурӣ нисбати рӯзноманигори шабакаи телевизиони «Ҷаҳоноро»-и вилояти Суғдро қатъ намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари шабакаи телевизион Муҳаббат Ҷӯраева хабар дод, парванда бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати баррасӣ қатъ шудааст, зеро мутобиқи моддаи 33-и Кодекси маъмурии ҶТ, дар сурати гузаштани се моҳ аз замони содир шудани қонуншиканӣ, шаҳрванд ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда наметавонад.
Ба қавли вай, қонуншиканӣ санаи 6-уми сентябри соли 2012 зимни дар шабакаи пахш шудани иттилоъ дар бораи ҳодисаи сӯхтор дар бозори «Корвон»-и пойтахт ва ҷабрдидагон бар асари он бо истинод ба маълумоти сарчашмаи аввал – сомонаи агентии «TojNews» ба қайд гирифта шуда буд.
Қаблан ҳуқуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии ВАО ва рӯзноманигорони вилояти Суғд Муҳаббат Ҷӯраева чандин маротиба изҳор намуда буд, ки дар моддаи 373-и Кодекси маъмурии ҶТ ба қонуншиканӣ барои паҳнкунии маҳсулоти ВАО ва ҳамчунин хабару маводи оҷонсии хабаргузорӣ бидуни сабти ном ишора рафта, дар амали роҳбари шуъбаи иттилоотии телевизиони «Ҷаҳоноро» Моҳира Воҳидова қонуншиканӣ ҷой надорад , - гуфта буд Ҷӯраева. – ВАО-и мазкур ба қайд гирифта шуда, хабари пахшшуда аз сарчашмаи дигар – TojNews гирифта шудааст ва тибқи моддаи 36-и Қонуни ҶТ «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», агар ахбор аз сарчашмаи дигари иттилоотӣ гирифта шуда, ба ин сарчашма ишора рафта бошад, пас дар ин ҳолат ВАО-и ин хабарро истифодакарда аз масъулият озод мегардад».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста