Ҳамсари маҳбуси фавтида Исмоил Бачаҷонов, ки пас аз лату кӯб дар тавқифгоҳи муваққатии Вазорати адлияи ҶТ ҳалок шуда буд, барои аз даст додани саробон аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷазо дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ (беш аз 6 ҳазор $) ҷубронпулӣ гирифт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази мутсақили ҳифзи ҳуқуқи инсон хабар доданд, 4-уми март зимни ҷаласаи судии ниҳоӣ оид ба баррасии даъвои ҳамсари Бачаҷонов оид ба ҷуброни хисороти моддӣ ва маънавӣ нисбат ба Сарраёсати иҷрои ҷазо, ҷавобгар бо шарти пардохти қисмате аз маблағи талабшуда ба созиш омаданро пешниҳод кардааст, зеро онҳо ба пардохти ҳаҷми пурраи маблағи талабшуда дар даъво (655 ҳазор сомонӣ) имкон надоштаанд.
Ба иттилои манбаъ, бинобар сабаби ба муддати хеле тӯлонӣ идома доштани мурофиа ва рӯз то рӯз ба мушкилӣ печидани вазъи рӯзгори ҳамсари Бачаҷонов ва се нафар кӯдакони ноболиғӣ ӯ, Гулова, ҳамсари Бачаҷонов ба созиш розӣ шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки маблағи мазкур барои муолиҷа ва барқарор намудани вазъи солимии ҳамсари Бачаҷонов ва кӯдакони ӯ пешбинӣ шудаанд.
Исмоил Бачаҷонови 32-сола соли 2009 барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 6,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум гардида буд. Соли 2011 бо дархсоти мақомоти муассисаи ислоҳӣ барои мунтазам вайрон кардани реҷаи муассиса, додгоҳи ноҳияи Сино ба ӯ минбаъд реҷаи низоми шадиди адои ҷазоро ба реҷаи зиндон иваз кард. Дар замони ба вуқӯъ пайвастани ҳодиса ӯ ба боздоштгоҳи тафтишотӣ оварда шуда, фиристодани ӯ ба ҳуҷраи зиндон пешбинӣ гардида буд. Аммо баъди чанде Бачаҷонов ҳангоми мунтақил шудан аз боздоштгоҳ ба Маркази тиббии Раёсати корҳои ислоҳотии Вазорати адлияи ҶТ ҳалок шуд. Баъдтар Додситонии кулли ҶТ аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Дар робита ба ин қазия се нафар кормандони боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлияи ҶТ – Раҳмоналӣ Раҳмонов ва Юсуф Иброҳимов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 110, қ. 3, банди «в» (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардида бошанд) ва 316, қ. 3 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ)-и КҶ ҶТ гумонбар дониста шуда, Латиф Давлатов мутобиқи моддаи 322, қ. 2-и КҶ ҶТ (Хунукназарӣ) айбдор дониста шуд.
Бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Раҳмоналӣ Раҳмонов ва Юсуф Иброҳимов ба муддати 8 сол ҳар кадоме аз озодӣ маҳрум карда шуданд, аммо бо истифода аз қонуни афв онҳо 6-солӣ дар зиндони низомаш шадид адои ҷазо мекунанд. Латиф Давлатов ба муддати 3 соли зиндони реҷаи умумӣ маҳкум гардида, мутобиқи қонуни афв аз адои мӯҳлати ҷазо озод карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста