Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир мусодира гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни баргузории амалиёти махсуси кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари вилояти Хатлон дар ноҳияи Шӯрообод сокини 58-солаи маҳаллӣ Содиқ Исматов боздошт шудааст.
«Ҳангоми кофтукови шахсии боздоштшуда 5 адад бастаи дорои 54 килову 200 грамм маводи мухаддири навъи бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд», - хабар медиҳад ВКД.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Фархор ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванд Ёров Аюбҷон Ҳабибуллоевич соли таваллудаш 1979, сокини деҳаи Дарқади ноҳияи Фархор, дастгир карда шудааст, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 4 килою 960 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» ва 4 килою 90 грамм маводи нашъадори «афюн» (ҷамъ 9 килою 50 грамм) дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста