Сокини шаҳри Душанбе Акбар Бердиев мақомоти дахлдори Тоҷикистонро дар беамалӣ нисбат ба тафтишоти ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки дар он бародараш ба ҳалокат расид, гунаҳкор медонад.
«Аз замони ҳалокати бародари ман, Неъматҷони Бӯриеви 52-сола дар пойтахт шоми 29-уми декабр зиёда аз дуним моҳ сипарӣ шуд, вале тафтишот то ҳанӯз дар ҳамон ҳолати аввала боқӣ мондааст», - иброз дошт вай.
Ҳамзамон ӯ иттилоъ дод, ки аз муроҷиатҳои чандинкаратааш ба унвони президенти ҷумҳурӣ, ВКД, ВКХ ва Прокуратураи генералӣ низ оид ба ин масъала ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.
«То имрӯз мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва сафорати ИМА дар ҶТ оид ба масъалаи баргузории ташхиси техникии автомашинаи дорои рақамҳои дипломатии 004 D 055 ба мувофиқа расида наметавонанд. Ба қавли шоҳидони ҳодиса, маҳз ҳамин автомашина ба бародари ман бархӯрдааст», - таъкид дошт Бердиев.
Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 29-уми декабр дар мавзеи буриши кӯчаи Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ як автомашина ба роҳгузар, сокини 52-солаи пойтахт, соҳибкори инфиродӣ Неъматҷон Бӯриев бархӯрда, худи ҳамон рӯз ин роҳгузар аз ҷароҳатҳои бардошта дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) ба ҳалокат расид.
Қаблан Акбар Бердиев, бародари соҳибкори ҳалокшуда хабар дода буд, ки ба қавли шоҳидон, бародари ӯро автомашинаи дорои рақамҳои дипломатӣ - 004 D 055 пахш намудааст. Рақамҳои дипломатии зикршуда ба сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон тааллуқ доранд. Чанде баъдтар тамғаи автомашина - Volkswagen Tuareg низ муайян карда шудааст.
«Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, пас аз пахш намудани роҳгузар, автомашина суръати ҳаракатро каме паст карда, сипас дарҳол аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Кормандони БДА ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, далелҳои шайъӣ – қисмати бампери пеш, панҷара ва чароғҳои равшанидиҳиро бо худ гирифтаанд. То ҷое, ки ман огаҳам, кормандони БДА автомашинаро дар манзили хусусие дар кӯчаи Чехов, ки кормандони сафорати ИМА онро иҷора гирифтаанд, дарёфт намудаанд, вале баъдтар автомашинаро ба қаламрави сафорат дар ИМА бурдаанд», - гуфта буд А.Бердиев.
Баъди гузашти чанд муддате аз ҳодисаи мазкур сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар робита ба масъалаи садамаи нақлиёт, ки дар рух додани он корманди сафорат гумонбар дониста шуда, ҷабрдида ба ҳалокат расид, изҳор намуд, ки бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар мавриди ин қазия ҳамкорӣ дошта, намояндагии дипломатии ИМА ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста