Дар назди истгоҳи роҳи оҳани Душанбе як миқдор маводи заҳролуди симоб мусодира гардид.
Бино ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, зимни баргузории амалиёт дар истгоҳи роҳи оҳани пойтахт ба гумони фурӯши маводи ниҳоят заҳровари симоб сокини ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд боздошт гардида, аз ӯ шишаи пластикии дорои 500 грамм симоб дарёфт ва мусодира шудааст.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 206, қ. 2-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, боздоштшуда дар тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ нигоҳдорӣ мешавад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе кормандони Агентӣ ба гумони даст доштан дар паҳнкунии маводи нашъаовар сокини 20-солаи пойтахтро боздошт намуда, зимни кофтукови ӯ якчанд қуттии гӯгирди дорои маводи мухаддири бангдонаро дарёфт ва мусодира намудаанд. Аз рӯи ин далел ҳам корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста