Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ду нафар соҳибкори шаҳри Норак ба гумони ғайриқонунӣ роҳандозӣ намудани фаъолияти марбут ба нигоҳдории қиморхона (казино) ҷиҳати баррасии минбаъда ба суд фиристода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддинов хабар дод, дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки соҳибкор И.Сафаров бо роҳи ғайриқонунӣ ва бидуни ҳеҷ гуна иҷозатнома дар яке аз биноҳои бозори марказии шаҳр 19 адад автоматҳои бозӣ гузошта, аз онҳо даромади ғайриқонунӣ ба даст меовардааст.
Ба қавли ӯ, соҳибкори дигар А.Маҷидов низ бидуни иҷозатнома дар яке аз толорҳои ин бозор ба ин монанд автоматҳои бозиро насб кардааст.
Зимнан зикр гардид, ки дар робита ба ин амалҳо прокуратураи шаҳри Норак нисбати ду соҳибкори зикршуда мутобиқи моддаи 240-и КҶ ҶТ (Ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, он ҷиҳати баррасии минбаъда ба суди шаҳри Норак ирсол шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста