Донишҷӯи соли аввали Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб бо беш аз 60 кило маводи мухаддир боздошт шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни баргузории як амалиёти кормандони мақомот дар қаламрави ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини деҳаи Хирманҷои ноҳияи мазкур Толибҷон Сафаралиеви 21-сола боздошт шуд.
«Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дасташ 5-адад бастаҳои селофанӣ, ки дар дохилашон 60 килою 760 грамм маводи нашъадори «бангдона» буд, дарёфт ва мусодира карда шуд», - гуфта мешавад дар иттилои ВКД.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста