Дар суди шаҳри Душанбе мурофиа навбатӣ нисбати боз яке аз ҷавони навбатӣ, ки ба қатли Парвиз Давлатбеков шаби 1-уми январи соли 2012 гумонбар дониста мешавад, оғоз гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди шаҳрии пойтахт хабар доданд, Фирдавс Муродови 22-сола ба авбошӣ гумонбар дониста шуда, он шаб миёни ҷавонони ба Давлатбеков дарафтода ҳузур дошт, вале баъди ҳодиса дарҳол ба Русия паноҳ бурда буд. Баъди чанде ӯ ба Тоҷикистон баргашта, ихтиёрӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуд.
Моҳи июни соли гузашта ҳамчунин сокини пойтахт Фирӯз Нарзуллоеви 18-сола низ боздошт шуд, ки барои гумонбарӣ ба даст доштан дар қатли Давлатбеков мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда буд.
Ёдрас мекунем, ки Парвиз Давлатбеков шаби 1-уми январи соли 2012 бо сарулибоси Бобои Барфӣ наздикону хешовандонашро бо Соли нав табрик карданӣ буд, вале дар натиҷаи ҷанҷол дар кӯча аз зарбаҳои корд ҷароҳат бардошта, рӯзи 2-юми январ дар беморхона ба ҳалокат расид.
Аввали моҳи марти соли гузашта суд нисбати айбдоршавандагон оид ба қазияи марги Парвиз Давлатбеков ҳукм содир намуд.
Беҳрӯз Шарифови 16-сола дар қатли Парвиз Давлатбеков гунаҳкор дониста шуда, ба муддати 10 соли зиндон маҳкум шуд. Суд ба чунин хулоса расидааст, ки маҳз зарбаҳои ӯ барои П.Давлатбеков марговар будаанд. То ба синни балоғат расидан Шарифов муҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳотӣ барои ноболиғон адо мекунад.
Судшавандагони дигар – Шараф Давлатов ва Фаррух Самиев мутобиқи моддаи 237 КҶ ҶТ (Авбошӣ) гунаҳкор эътироф гардида, ба муддати 4 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
Нисбат ба айбдоршавандаи дигар – ноболиғ Ҳасан Абдурашидов ҷазо дар шакли ҷарима дар ҳаҷми 100 нишондиҳандаи ҳисоб (як нишондиҳандаи ҳисоб ба 40 сомонӣ баробар аст) таъин карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста