Бар асари роҳандозии амалиёти фаврӣ дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд сокини 39-солаи ин ноҳия, ки соҳибкори инфиродӣ буда, қаблан суд нашудааст, бо бештар аз 30 кило маводи мухаддири ҳашиш боздошт намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Агентии мазкур, чорабинии оперативӣ дар ҷамоати Хистеварзи ин ноҳия сурат гирифтааст. Кормандони фаврӣ аз дохили як сумкаи варзишии вай 60 адад маводи росткунҷашакли прессшударо пайдо кардаанд, ки ранги сабзи сияҳчатоб ва бӯи махсус доштаанд. Лабораторияи ташхиси судӣ тайид кард, ки маводи мусодирашуда мухаддироти навъи ҳашиш буда, вазни умумии он 30 килову 137 граммро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ҳамзамон бо ин дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои дигари фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шарики боздоштшуда, зодаи 50-солаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар шаҳри Хуҷанд истиқомат дорад, ба гумони ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шуд.
Боздоштшудагон мардони соҳиби маълумоти олӣ буда, оиладор ва ҳар кадом соҳиби 3-4 фарзанд мебошанд.
Алҳол аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи 200, қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, боздоштшудагон дар тафқифгоҳи муваққатии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста