Дар ноҳияи Исфара гумонбарони ду ҳодисаи куштори дар соли равон рухдода боздошт шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта гумонбар ба қатли Баҳромиддин Аҳмедов, сокини 43-солаи ҷамоати Навгилем, сокини 53-солаи ҷамоати Шӯроб Убайдулло Ҳомидов боздошт шудааст, ки дар ҳолати мастӣ ба куштор даст зада, сипас ҷасадро ба ҷӯйбор партофта буд.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи дуюм рӯзи 15-уми март дар шаҳри Исфара рух дода, нимашаб дар истгоҳи автомашинаҳои воқеъ дар кӯчаи Баҳори шаҳри Исфара ҷасади сокини 40-солаи ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ Обид Обидов бо ҷароҳатҳои зиёд аз зарбаи корд дарёфт шуда буд. Ба гумони даст доштан дар ин куштор сокини 34-солаи шаҳри Исфара Рустам Асророви қаблан се маротиба маҳкумшуда боздошт шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин ҳодисаҳо мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, соли гузашта дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар 38 далели одамкушӣ (соли 2011 – 41 далел) ба қайд гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста