Суди олии Тоҷикистон шикояти назоратии собиқ иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералии ҷумҳурӣ Солиҷон Ҷӯраев аз болои қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахтро баррасӣ намуда, эътироф кард, ки қарори суди зинаи поёнӣ дарвоқеъ ҳам бо вайрон кардани меъёрҳои қонун содир шудааст.
Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасии даъвои С.Ҷӯраев нисбати Дастгоҳи президент, парлумон ва Прокурори генералӣ дар бораи ғайриконститутсионӣ аз вазифаи иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералиро рад карда буд.
Моҳияти даъво дар он ифода меёфт, ки ӯ ба вазифаи и.в. прокурори генералӣ мувофиқи талаботи моддаи 99 Конститусияи ҶТ, пешниҳоди Раиси Шӯрои Олии ҶТ ва Қарори Президиуми ШО ҶТ аз 29 сентябри соли 1992 таъин шуда, вале бидуни озод кардани ӯ Шӯрои Олӣ санаи 1 декабри соли 1992 дар бораи ба вазифаи прокурори генералӣ таъин намудани Маҳмадназар Солеҳов қарор қабул мекунад.
С.Ҷӯраев бар ин назар аст, ки фармони прокурори генералии нав дар бораи аз вахифа озод кардани ӯ ғайриқонунӣ аст, зеро қарори аз вазифа озод кардани ӯро танҳо Шӯрои Олӣ содир карда метавонист.
Суди олӣ қарор кард, ки қарори судҳои зинаи поёнӣ нисбати ин масъала бо нақзи меъёрҳои қонуншикангӣ содир гардида, дар ин робита, шикояти назоратии С.Ҷӯраев ҳамроҳ бо парвандаи мулкӣ ҷиҳати моҳиятан баррасӣ шудан бо тартиби назорати баргардонида мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста