Муддати беш аз 1 моҳ муҳассили Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, шаҳрванди Тоҷикистон Адим Шаҳбозбековро барои харидани iPhone-и дуздидашуда дар яке аз тавқифгоҳҳои Маскав нигоҳ медоранд.
Бино ба иттилои хабаргузории MR7.ru , қабл аз Соли нав Адим аз рӯи эълони дар шабакаи Интернет нашршуда iPhone-и нав мехарад, вале рӯзи 13-уми феврал бинобар сабаби муроҷиати дуздида шудани ин телефон ӯро боздошт мекунанд.
Ба қавли ҳимоягари ӯ Татяна Кирпиченко, ин телефон шоми 31-уми декабр рабуда шуда, ин вақт Адим дар хобгоҳ қарор доштааст, ки онро сабти наворҳои камераҳои видеоӣ ва ҳамсояи ҳуҷраи хобгоҳи ӯ - як донишҷӯи Чин низ тасдиқ мекунанд.
Ҳимоятгар изҳор доштааст, ки духтари ҷабрдида аз ҷониби Адим рабуда шудани телефонро тасдиқ намуда, вале дар рӯбарӯкунии аввал ӯ Адимро гунаҳкор надониста будааст. Баъди гуфтугӯ бо муфаттиш ӯ баёноти худро иваз намудааст.
«Далели замони содир шудани ҷиноят дар хобгоҳ қарор доштани гумонбарро тафтишот ҳоло насанҷида, вале муҳлати нигоҳдории Шаҳбозбеков дар тавқифгоҳ 2 моҳ дароз шуд ва акнун ӯро метавонанд аз донишгоҳ хориҷ кунанд. Ӯ донишҷӯи соли дуюми бахши дандонпизишкӣ аст», - таъкид доштааст ҳимоятгари гумонбар.
Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳамади Эгамзод дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки дар бораи ин қазия дарҳол ба сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев маълумот дода шуда, ӯ ба хадамоти консулгарӣ ҷиҳати расидагӣ ба ин ҳодиса ва расонидани кӯмаки зарурии ҳамаҷониба ба донишҷӯи тоҷик супориш додааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста