Зимни мурофиаи пешакӣ оид ба баррасии даъвои ширкати «Тоҷирон» нисбат ба рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва адвокат Файзинисо Воҳидова судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе ҷонибҳоро ба созиш даъват кард.
Адвокат Воҳидова дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳимоятгари даъвогар Иноят Иноятов дарҳол ин пешниҳодро рад намуда, изҳор кардааст, ки инҷо сухан сари интишори маълумоти бардурӯғ бо мақсади паст задани нуфузи кории ширкати «Тоҷирон» меравад, вале як намояндаи дигари ширкат эҳтимоли ҳалли масъала бо чунин роҳро бо шарти аз ин ба баъд дар ин бора маълумот дарҷ накардани ВАО аз эҳтимол дур надонистааст.
«Иноятов иброз дошт, ки қарори муфаттиши прокуратура дар бораи рад кардани оғози парвандаи ҷиноӣ бинобар сабаби марги ронандаро дар даст доранд. Онҳо дигар чизе надоранд. Ин санад дар дасти мо низ мавҷуд аст, вале ин ҳанӯз исбот буда наметавонад», - мегӯяд Воҳидова.
Дар идома адвокат зикр кард, ки даъвогар ба ҷой доштани ҳодисаи садамаи нақлиёт, зарари расида ба ширкат бар асари он ва марги ронанда комилан розӣ аст, аммо далели ивази ҷасад ба маблағи муайянро барои ҷуброни хисорот рад мекунад.
«Мо ҳам дар бораи чӣ гуна ба пайвандон додани ҷасад чизе пешниҳод нахоҳем кард, зеро дар мақола таҳти унвони «Мурдафурӯшӣ дар «Тоҷирон» ба сарчашмаи хабар истинод меоварем, ки онҳо шахсони сеюму даҳум, яъне сокинони деҳа буда метавонанд, ки зимни сафари кориам ба ман гуфта буданд», - иброз дошт вай.
Ба гуфтаи Воҳидова, дар ин ҳолат сарфи назар аз мусоҳибаи ӯ ба рӯзномаи «ИмрӯзNews» дар бораи ҷой доштани далели имконпазири ивази ҷасад ба маблағи 20 ҳазор доллари ИМА, ӯ сарчашмаи аслии маълумот нест ва инро дар суҳбат бо журналисти рӯзнома низ зикр кардааст.
Аммо қаблан дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари даъвогар Иноят Иноятов изҳор карда буд, ки ӯ якчанд асноди аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд пешниҳодшударо дар даст дорад. Ин ҳуҷҷатҳо тӯҳмат кардани ширкат аз ҷониби Воҳидоваро собит месозанд. Ғайр аз ин, ҷониби даъвогар бо тамоми хешовандони марҳум вохӯриҳо доир намуда, онҳо далели ҷой доштани ивази ҷасад ба 20 ҳазор доллари ИМА-ро тасдиқ накардаанд.
Ёдрас мекунем, ки даҳаи сеюми моҳи феврали соли равон ширкати «Тоҷирон» барои туҳмат ва зарар расонидан ба нуфузи кории ширкат нисбат ба адвокат Файзинисо Воҳидова ва рӯзномаи «ИмрӯзNews» ба Суди олии иқтисодӣ даъво пеш овард.
Онҳо аз суд дархост карданд, ки мақолаи дар рӯзнома таҳти унвони «Мурдафурӯшӣ дар ширкати «Тоҷирон» нашршударо ғайривоқеӣ эътироф намуда, аз рӯзнома талаб карда шавад, ки ба он расман раддия чоп гардад. Ғайр аз ин, барои дар мақола истифода шудани андешаҳои адвокат Файзинисо Воҳидова, ки ба мартабаи кории ширкат зарар расонидааст, ситонидани 50 ҳазор сомонӣ аз Воҳидова ва маблағи рамзии 1 сомонӣ аз рӯзнома низ тақозо карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста