Кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт як миқдор силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва маводи мухаддирро мусодира намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс»аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, ба гумони нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва маводи нашъаовар сокини 34-солаи ноҳияи Рашт Абдулҳамид Шоҳиҷангов ва сокини 28-солаи шаҳри Душанбе Искандар Замонов боздошт шудаанд.
«Зимни азназаргузаронии манзили зисти Шоҳиҷангов таппончаи Макаров бо 3 тирдон, 66 дона тир, 4 дона норинҷаки дастии РГД-5 ва як миқдор маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки феълан аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста