Маълумоти нашршуда дар васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ оид ба гуруснанишинӣ эълон кардани маҳбуси муассисаи ислоҳии ЯТ 9/7 дар шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуғаффор Раҳмонов асоси воқеӣ надорад.
Муфаттиши прокуратураи махсус оид ба назорат аз болои иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон Давлат Тағоев дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки зимни санҷиши ин маълумот, бо маҳбуси зикраш дар боло рафта вохӯрда, ӯ изҳор намудааст, ки ҳеҷ гоҳ гуруснанишинӣ эълон накардааст ва ҳангоми суҳбат бо онҳо бо шириниҳо чой нӯшидааст.
«Муовини сардори муассисаи ислоҳии мазкур Искандар Исматов, ки чанде қабл ба ин вазифа таъин шуд, дар доираи қонун санҷиш гузаронида, аз якчанд нафар маҳбусон телефони ҳамроҳашонро гирифтааст ва ин боис шудааст, ки чанде аз онҳо ба ВАО маълумоти бардурӯғ диҳанд», - иброз дошт вай.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбат, прокуратураи махсус оид ба назорат аз болои иҷрои қонунҳо муддати ҳар 10 рӯз оид ба сифати маҳсулоти ғизойӣ, вазъи санитарии ҳуҷраҳо, шароити будубош ва реҷаи сайругашти маҳбусон санҷишҳо баргузор намуда, бо онҳо суҳбатҳои инфиродӣ доир менамояд ва дар суҳбати чанде қабл доиргардида бо А.Раҳмонов ӯ ҳеҷ шикояте накарда будааст.
Қобили зикр аст, ки 1 апрел хадамоти тоҷикии радиои «Озодӣ» бо такя ба гуфтахои Муродҷон Раҳмонов, бародари маҳбус Абдуғаффор Раҳмонов, иттилоъ дода буд, ки ба нишони эътироз алайҳи рафтори дағалонаи корманди муассиса Искандар Исматов нисбати ӯ ва дигар маҳбусон А.Раҳмонов гуруснанишинӣ эълон кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста