Модари маҳбуси эҳтимолан бар асари шиканҷа дар шуъбаи милисаи пойтахт фавтида Баҳромиддин Шодиев ҷиҳати ҷуброни зарари моливу маънавӣ ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 38 ҳазор $) ҷубронпулӣ талаб кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар дод, ҷубронпулӣ аз Вазорати корҳои дохилӣ талаб карда шудааст.
«Даъво ба суди ноҳияи Шоҳмансур пешниҳод гардида, аллакай ба истеҳсолот қабул шуд», - таъкид кард ҳимоятгар.
Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли равон суд Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба пардохти ҷубронпулӣ ба ҳамсари маҳбуси фавтида Сафаралӣ Сангов, ки ба қавли наздиконаш, бар асари латукӯб ва шиканҷа дар шӯъбаи милиса ба ҳалокат расида буд, водор кард.
Суд тамоми далелҳои зарурии гирдовардаро баррасӣ намуда, дар бораи пардохти ҷуброн аз ҷониби вазорати мазкур дар ҳаҷми 46,5 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 10 ҳазор $) қарор содир кард.
Ҳамчунин ҳамсари маҳбуси фавтида Исмоил Бачаҷонов, ки пас аз лату кӯб дар тавқифгоҳи муваққатии Вазорати адлияи ҶТ ҳалок шуда буд, барои аз даст додани саробон аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷазо дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ (беш аз 6 ҳазор $) ҷубронпулӣ гирифт.
Гулчеҳра Холматова гуфт, умедворанд, ки ин дафъа низ ҷабрдида ҷубронпулӣ хоҳад гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста