Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт тамоми ҳолатҳои зикршуда дар аризаи ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов нисбати хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Марҳабои Ҳокимро баррасӣ намуда, ба хулоса расид, ки дар амалҳои рӯзноманигор қонуншиканӣ ҷой надорад.
Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси ҳафтавори «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, муфаттишон ба ӯ хабар додаанд, ки зимни санҷиш дар амалҳои рӯзноманигор ҳеҷ қонуншикание ошкор нашудааст ва аз ин рӯ, онҳо аризаро бозпас ба ректор баргардонидаанд. Нисбати хабарнигор минбаъд дигар санҷишҳо гузаронида намешаванд.
Ёдрас мекунем, ки субҳи 1-уми апрели соли равон ректори ДДОТ Абдуҷаббор Раҳмонов ба ШКД ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ариза пешниҳод намуда, аз кормандони милиса дархост кард, ки нисбати хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» М.Ҳоким «барои амалҳои нодуруст ва ғайриқонунии журналист» чора андешанд.
Чанде қабл аз шуъбаи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар дода буданд, ки баррасии аризаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (ДДОТ) Абдуҷаббор Раҳмонов нисбати хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Марҳабои Ҳоким идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста