Дар суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аризаи даъвогии 12 нафар роҳбаладон нисбати мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баррасӣ мешавад.
Адвокати даъвогарон Саидбек Нуриддинов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита гуфт, парвандаи шаҳрвандӣ дар робита ба «ғайриқонунӣ аз кор озод кардан»-и 22 нафар роҳбаладони қатораи мусофирбари хатсайри Душанбе-Маскав баррасӣ мешавад, ки аз дохили он ахири моҳи январи соли равон 27 кило маводи мухаддири героин мусодира шуда буд. Аз шумори умумии нафарони аз кор озодшуда танҳо 12 нафарашон ба суд муроҷиат кардаанд.
«Пас аз ин ҳодиса мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тибқи шартномаи дастаҷамъӣ (коллективӣ) 22 нафар роҳбаладонро аз кор озод намуда, дар санад зикр мегардад, ки дар сурати дар қатора дарёфт шудани маводи мухаддир, корфармо ба якҷониба бекор кардани шартнома ҳуқуқ дорад, аммо даъвогарон изҳор менамяонд, ки онҳо ба героини дарёфтшуда ҳеҷ муносибате надоранд ва гузашта аз ин, онҳо умуман аз шартномаи дастаҷамъонаи баимзорасида миёни корфармо ва иттифоқи касабаи корхона огаҳие надоранд», - иброз дошт адвокат.
Ба қавли ӯ, роҳбаладон ҳикоят кардаанд, ки маҳз ҳамон рӯзи озими Маскав шудан ба ҳайати роҳбаладон боз ду нафар илова шуда, ба эътиқоди онҳо, инҳо одамони мақомоти раҳбарии корхона будаанд ва яқинан онҳо ба интиқоли героин дахл доранд.
«Ба гуфтаи роҳбаладон, пас аз боздошт нисбати яке аз онҳо аз ҷониби Хадамоти федералии амнияти Русия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, баъдан чӣ гуна сурат гирифтани воқеъаро онҳо намедонанд, вале изҳор карданд, ки айни замон онҳо дар озодӣ буда, дар Тоҷикистон қарор доранд», - мегӯяд Нуриддинов.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ҳарчанд он ду нафари зикршуда ҳам дар қатори ин роҳбаладон аз кор озод шуда бошанд ҳам, вале даъвогарон бо қарори корфармо мувофиқ нестанд. «Онҳо барқарор шудан дар ҷойи кори пештараро доранд, зеро 4 нафари онҳо занон буда, ҳар кадоме аз бекормондагон 5-6 нафарӣ фарзанд доранд. Ғайр аз ин, онҳо ғайриқонунӣ эътироф гардидани шартномаи дастаҷамъонаро тақозо мекунанд», - афзуд адвокат.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста