Ду корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ҳангоми гирифтани пора бо далели шайъӣ боздошт шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, онҳо дирӯз дар ҷараёни амалиёти кормандони Шуъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғ боздошт шудаанд.
«Онҳо ба ду нафар сокинони шаҳр ба ивази 2 ҳазор доллари ИМА озод кардан аз хизмати ҳатмии низомӣ ва тайёр кардани билетҳои ҳарбиро ваъда кардаанд ва зимни гирифтани маблағи зикршуда боздошт гардиданд», - гуфтанд дар раёсат.
Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз дар шаҳри Истаравшан сокини шаҳри Душанбе А.М., низ боздошт шудааст, ки худро бардурӯғ корманди прокуратура муаррифӣ намуда, аз як сокини ҷамоати Пошкенти ноҳияи Истаравшан бо ваъдаи ба фоидаи ӯ ҳал кардани маводи ҷамъоварда 500 доллари ИМА гирифтааст.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далелҳо мутобиқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста