Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилояти Суғд сокини 40-солаи шаҳри Душанбе Назар Мирзомуродовро дар кӯшиши суиқасд ба куштор гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 15,5 соли зиндон маҳкум кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилоят хабар доданд, ахири моҳи июли соли гузашта маҳкумшуда ҳамроҳи шиносаш Қурбон Рауфов барои рӯёнидани қарзи ахирӣ аз Ғайрат Орифов ном шахс ба шаҳри Қайроққум омада, ҳангоми вохӯрӣ ба лату кӯби ӯ оғоз мекунанд.
«Ба қавли маҳкумшуда, ӯ қаблан бо Орифов шинос набуда, вале зимни муноқиша Орифов бо корд ба ӯ якчанд зарба мезанад ва ӯ дар хотир надорад, ки чӣ гуна кордро аз дасти Орифов гирифта, ба ӯ ҳамла кардааст», - гуфтанд дар суд.
Ба иттилои манбаъ, дар суд Мирзомуродов ба гуноҳаш иқрор нашуд, зеро мақсади қатли Орифовро надошта, қаблан ҳам ӯро намешинохтааст.
«Орифов иброз дошт, ки ӯ ба ин шахсон қарздор набуда, онҳо барои соҳиб шудан ба автомашинаи тамғаи «Ланд-Крузер»-и ӯ омадаанд», - гуфт сарчашмаи хабар.
Зимнан зикр гардид, ки дар навбати худ, Қурбон Рауфов изҳор намудааст, ки тақрибан ду сол пеш Ғ.Орифов аз ӯ ин автомашинро харида, 15 ҳазор доллари ИМА маблағи боқимондаро напардохтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста