Аз рӯи далели бедаракшавии духтарони хурдсол – Малика ва Сабина Араловаҳо рӯзи 10-уми апрел дар прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мутобиқи моддаи 130-и КҶ ҶТ (Одамрабоӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Зимни суханронӣ дар тренинг тахти унвони «Тафтишоти рӯзноманигорӣ аз нигоҳи адолати судии ҷиноӣ», ки имрӯз дар Душанбе шурӯъ шуд, муовини сардори шуъбаи мубориза бо хариду фурӯши одамони РМҶМ ВКД ҶТ полковники милиса Ҷумъахон Каримов изҳор намуд, ки дар масъалаи пайдо кардани духтарон чорабиниҳои тафтишотии гурӯҳи махсус таҳти сарварии муовини вазири корҳои дохилӣ Шералӣ Сабзов идома доранд.
«Мо маълумоти фаврӣ дар даст дорем ва умедворем, ки дар фурсати наздик ҷинояти мазкур ошкор хоҳад шуд. Ин духтаронро ҳангоми барои харидории ширинӣ рафтанашон камераи наворбардории воқеъ дар роҳи ҳаракати онҳо сабт кардааст ва тибқи яке аз фарзияҳои мавриди таҳқиқ қарордошта, шояд онҳоро рабуда, бо автомобил ба самти номаълум бурдаанд», - иброз дошт ӯ.
Намояндаи ВКД ҳамчунин зикр кард, ки мақомоти интизомии ҷумҳурӣ баҳри пешгирӣ ва мубориза бо хариду фурӯши одамон барои истисмори минбаъдаи шаҳвонӣ ва меҳнатии онҳо дар АМА, Туркия, Афғонистон, Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ аз тамоми тадбирҳо кор мегиранд.
«Дар содир намудани чунин ҷиноятҳо асосан гурӯҳҳои фаромиллие даст доранд, ки ба онҳо ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ шомиланд ва онҳо бештар ба духтарони синни аз 18 то 30 сола таваҷҷуҳ зоҳир месозанд», - гуфт номбурда.
Ба қавли Каримов, дар зарфи се моҳи соли равон кормандони ВКД 15 далели ба ин монандро ошкор намудаанд, ки дар 7 ҳолат аз интиқоли духтарон ба Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб) пешгирӣ шудааст.
Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки танҳо дар зарфи 3 моҳи соли ҷорӣ мақомоти интизомӣ аз 254 ҷинояти марбут ба хариду фурӯши одамон (соли 2012 – 533 чунин далел) ҷилавгирӣ намуда, дар ин давра аз рӯи моддаи 130 (Одамрабоӣ) 5 парвандаи ҷиноӣ (соли 2012 – 6 парванда) ва моддаи 130, дараҷ. 1 (Хариду фурӯши одамон) 1 парвандаи ҷиноӣ (соли 2012 – 3 парванда) боз шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста