Суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт даъвои 12 нафар роҳбаладони қатора нисбати КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» оид ба барқарор шудан дар ҷойи кори пештара ва ғайриқонунӣ эътироф шудани шартномаи дастаҷамъиро қонеъ накард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати даъвогарон Саидбек Нуриддинов хабар дод, ин қарори суд ҳоло ба дасти ӯ нарасидааст ва ӯ огаҳ нест, ки он бо кадом асос қабул шудааст.
«Сарфи назар аз ҳама гуна асосҳои суд, ман ин қарорро ғайриқонунӣ мешуморам, зеро тибқи моддаи 3-и Кодекси меҳнати ҶТ, шартҳои созишномаҳову қарордодҳое, ки дар муқоиса ба санадҳои қонунгузорӣ ва дигар асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба бад шудани вазъи коргарон оварда мерасонанд, ғайриҳаққонӣ шуморида мешаванд. Ба гуфтаи зерҳимоягони ман, онҳо умуман дар бораи мавҷудияти чунин шартномаи дастаҷамъӣ ва мутобиқи он, дар сурати аз қатора дарёфт шудани маводи мухаддир имкони аз ҷониби корфармо яктарафа бекор шудани он хабар надоштаанд», - гуфт Нуриддинов.
Адвокат бар ин назар аст, ки судя таҳти фишор қарор гирифтааст. Ӯ афзуд, ки роҳбаладон шояд аз болои қарори суд шикояти кассатсионӣ набаранд, «вале ин маънои онро надорад, ки онҳо ноҳаққанд, балки ин ҷо сухан сари боадолат будани низоми судӣ меравад».
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи апрел 12 нафар роҳбаладони қатора аз болои мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аризаи даъвогӣ пешниҳод намуданд. Парвандаи шаҳрвандӣ дар робита ба «ғайриқонунӣ аз кор озод кардан»-и 22 нафар роҳбаладони қатораи мусофирбари хатсайри Душанбе-Маскав баррасӣ мешавад, ки аз дохили он ахири моҳи январи соли равон 27 кило маводи мухаддири героин мусодира шуда буд.
Пас аз ин ҳодиса мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тибқи шартномаи дастаҷамъӣ (коллективӣ) 22 нафар роҳбаладонро аз кор озод намуда, дар санад зикр мегардад, ки дар сурати дар қатора дарёфт шудани маводи мухаддир, корфармо ба якҷониба бекор кардани шартнома ҳуқуқ дорад, аммо даъвогарон изҳор намуданд, ки онҳо ба героини дарёфтшуда ҳеҷ муносибате надоранд ва гузашта аз ин, онҳо умуман аз шартномаи дастаҷамъонаи баимзорасида миёни корфармо ва иттифоқи касабаи корхона огаҳие надоранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста