Дар шаҳри Хоруғ як коргари сохтмон мавриди лату кӯб қарор гирифта, ба гумони даст доштан дар ин ҳодиса 3 нафар боздошт шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати ВКД ҶТ дар ВМКБ Тоҷиддин Назришоев хабар дод, шоми рӯзи 23-юми апрел бинокор Рустам Тошмуродов мавриди лату кӯб қарор гирифта, айни замон вазъи солимиаш қаноатбахш мебошад.
«Ба гумони даст доштан дар ҳамла се нафар боздошт шуда, айни замон боз чанд нафари дигар мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд, ки ҳамаашон сокинони Хоруғ мебошанд. Ҳодиса таҳқиқ мешавад ва вазъият пурра таҳти назорат аст», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, яке аз узви «Гурӯҳи 20», ки соли гузашта барои ба субот овардани вазъ дар Хоруғ таъсис ёфта буд, ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки чанде қабл раҳбарияти вилояту шаҳр аъзои гурӯҳ ва раисони ҷамоатҳоро даъват намуда, талаб кардааст, ки ҳодиса ошкор ва иштирокчиёни он таслим карда шаванд, вагарна чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.
Ба қавли ӯ, онҳо гуфтаанд, ки ин вазифаи бевоситаи мақомот интизомӣ буда, роҳбарияти милисаи дар онҷо ҳузурдошта низ гуфтааст, ки мустақилона аз уҳдаи ин кор мебароянд.
«Тааҷҷубовар аст, ки ба хотири ин ҳодиса раиси вилояту раисони ноҳияҳо, ки ба Душанбе раҳсипор буданд, аз нисфи роҳ бозпас баргардонида шуданд. Айни замон дар кӯчаҳои шаҳр афроди мусаллаҳ бо мошинҳо равуо дошта, мардумро ба ҳарос меандозанд. Ин ҳодиса як авбошии муқаррарӣ аст ва ҳеҷ касе баҳри дарёфти гунаҳкорон ба мақомот монеъа эҷод намесозад, вале бори навбатӣ аз ин чунин ҳангома барпо карданд, ки гӯё тамоми сокинони Хоруғ гунаҳкор бошанд», - иброз дошт номбурда.
Дар ҳамин ҳол, Назришоев умуман сурат гирифтани чунин вохӯриро рад намуда, изҳор кард, ки «ба таҳқиқи ин ҳодиса кормандони фаврии милиса машғуланд ва барои ҷалби сокинони маҳаллӣ ба он ҳеҷ зарурате нест». «Бигзор онҳо умуман халал нарасонанд, ки мо ба корҳои худ машғул шавем», - афзуд сардори Раёсати ВКД ҶТ дар ВМКБ.
ОИ «Азия-Плюс» кӯшиш ба харҷ дод, ки шарҳи ин қазияро аз раиси вилоят Қодири Қосим ҷӯё шавад, вале ӯ аз суҳбат бо хабарнигор дар ин хусус худдорӣ варзид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста