Дар вилояти Суғд нисбат ба собиқ адвокат ба гумони даст доштан дар қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Тавре аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, парванда мутобиқи модддаи 247, қ. 2-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) нисбати собиқ адвокати Ҳайати мушовараи адвокатҳои «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд М.Р. оғоз гардидааст.
Муайян карда шудааст, ки моҳи апрели соли 2012 адвокат бо роҳи фиреб ба боварии сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров А.Д. даромада, ба ӯ ҳимояи хоҳарашро ваъда кардааст.
«Барои хизматҳои худ адвокат дар ҳаҷми 1 ҳазор доллари ИМА ва 1200 сомонӣ маблағи пулӣ талаб намуда, вале баъди маблағро гирифтан ба ваъдаи худ вафо накарда, онро ба эҳтиёҷоти худ масраф мекунад», - гуфтанд дар раёсат.
Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд, дар зарфи 3 моҳи соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 16 ҳодисаи қаллобӣ (ҳамин давраи соли 2012 – 32 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста