Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар манзили зист ва дафтари кории собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ кофтуов гузарониданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои Саидов хабар дод, дар манзили зисти бародарони Зайд Саидов низ кофтуков сурат гирифта, адвокат Исҳоқ Табаров дар ин кофтуковҳо ҳузур дорад.
Ба қавли ӯ, то ҳанӯз ба ҳимоятгарон муяясар нашудааст, ки бо зерҳимояи худ дидору мулоқот кунанд. «Аз субҳ ман дар назди бинои Агентӣ қарор дорам, вале барои дидор бо зерҳимояам иҷозат нагирфтаам, ҳарчанд тибқи қонун, ба дастрасии бемамониат бо ӯ ҳуқуқ дорам», - таъкид дошт Ш.Қудратов.
Дар робита ба боздошти собиқ вазири саноати ҶТ Зайд Саидов Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ иттилоия пахш намуд . Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста