Шоми рӯзи душанбе роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» ва тоҷири муваффақ Зайд Саидов расман боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои З.Саидов хабар дод,  шоми рӯзи 20-уми май муфаттишони Агентии зиддифасод санади боздоштро таҳия намудаанд, ки тибқи он, дар муддати 72 соат муфаттишон бояд дастури иҷозати ҳабси ӯро гиранд ё чораи пешгирии дигар – баёнот дар бораи манъи тарки маҳалли зист ва ғайраро татбиқ намоянд.

Ба қавли адвокат, ҳамин тариқ аз ин бармеояд, ки беш аз як шабонарӯз З.Саидов ғайриқонунӣ дар бинои Агентӣ нигоҳ дошта шуда, мутаносибан тамоми амалҳои тафтишотии дар ин вақт гузаронидашуда, аз ҷумла кофтуков, рӯбарӯкунӣ ғайриқонунӣ мебошанд.

«Ман ҳамчун адвокати Саидов зимни таҳияи санади боздошт ҳузур доштам. Айни замон ӯ дар тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ қарор дорад», - иброз дошт Қудратов ва таъкид дошт, ки дар санад нисбати Саидов танҳо як модда - гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 319 КҶ ҶТ) зикр шудааст.

Ёдрас мекунем, ки дар рӯзи нахусти боздошти Саидов Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ як иттилоияеро дар ин робита пахш намуд, ки дар он З.Саидов дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнин аз қабили гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 319), қаллобӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 247), суистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор карда мешавад.

Зикр гардида буд, ки ин ҳолатҳо дар дар доираи тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ вакили маҷлиси вакилони халқии вилояти Суғд, директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Химзавод»-и ш. Исфара, ки тобеъи вазорати саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, Ҷӯраев Низомхон Ҳайдарович ошкор карда шудаанд.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Худи ҳамон рӯз, 19-уми май дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд. Зимни кофтукови дафтари кории собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералии пойтахт аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод, 8 адад компютер, ду ҷузвдони ҳуҷҷатҳо ва ҳамчунин дар ҳаҷми 20 ҳазору 800 доллари ИМА ва 21 ҳазор сомонӣ пули нақд мусодира шудааст.

Нимаи аввали рӯзи 20-уми май муфаттишони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ маросими рӯбарӯкунии Зайд Саидов бо собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, собиқ директори корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Низомхон Ҷӯраевро доир намуданд. Ахирӣ низ ба сифати гумонбар дар парвандаи пурсарусадо қарор дорад.

Барои иштирок дар маросими рӯбарӯкунӣ танҳо ба як адвокат – Фахриддин Зокиров иҷозат додаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар маросими рӯбарӯкунӣ собиқ директори корхонаи кимиёи Исфара изҳор намудааст, ки соли 2005 барои ҳалли масъалаи хусусигардонии корхона, ки ғайриқонунӣ шуморида мешуд, ба вазири ҳамонвақтаи саноат Зайд Саидов дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари ИМА пора додааст. Саидов далели аз Ҷӯраев гирифтани пораро инкор кард.

Ҳамчунин шоми рӯзи 20-уми май дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт бо пешниҳоди муовини прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидов вакилон дахолатнопазирии З.Саидовро бекор намуданд.