Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, субҳи имрӯз суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат додааст. «З.Саидов дар тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ қарор дошта, алҳол ба ӯ айбнома пешниҳод нашудааст. Дар муддати 10 рӯз аз замони ҳабс ба ӯ айбнома пешниҳод шуда метавонад», - гуфтанд дар Агентӣ.
Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.
Чанде қабл дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт бо пешниҳоди муовини прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидов вакилон дахолатнопазирии З.Саидовро бекор намуданд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд. Ӯ дар содир намудани як қатор ҷиноёти вазнини иқтисодӣ гунаҳкор дониста мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста