Айбдоркунандаи давлатӣ барои Маҳмуд Исмоилов корманди тавқифгоҳи муваққатии №1-и шаҳри Душанбе ва гумонбар ба марги маҳбус Ҳамза Икромзода ҳукми 8 соли зиндонро талаб кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати ҷониби ҷабрдида хабар дод, тамоми далелҳои ба суд пешниҳодгардида мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифта ба онҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода шуд. «Аз ин рӯ мо ба ҳукми воқеӣ ва мунсифона умедворем», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи адвокат, дар ҷараёни мурофиаи судӣ 7 нафар шоҳидон – маҳбусони тавқифгоҳи муваққатии №1-и пойтахт бозпурсӣ шуда, аксари онҳо баёнот додаанд, ки дарвоқеъ ҳам Ҳамза Икромзода қабл аз марг мавриди лату кӯби бераҳмона қарор гирифта буд.
Ёдрас мекунем, ки мурофиа бо эълони хулосаи айбнома нисбат ба айбдоршаванда – корманди фаврӣ Маҳмуд Исмоилов оғоз гардид, ки дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ (моддаи 316, қ 3-и КҶ ҶТ) гунаҳкор карда мешавад. Нисбати се нафар ҳамкорони ӯ – Рустам Тоштемиров, Шерафган Сафаров ва Нарзулло Афғонов тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Парвандаи ҷиноятии мазкур аз се боб иборат аст. Мурофиа таҳти раёсати судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Рустам Мирзоев ҷараён дорад.
Маҳкумшуда Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ мегӯянд, дар ҷисми ӯ осори возеҳи лату кӯб ва истифодаи шиканҷа аён буданд.
Тибқи фарзияи расмӣ, Ҳ.Икромзода дар ҳуҷраи зиндон ба дор овехташуда дарёфт гардида, кормандони муассиса кӯшиш кардаанд, ки ба ӯ ёрии тиббӣ расонанд, вале аллакай дер шуда буд.
Ҳамчунин натиҷаи ташхиси ҷароҳатҳо дар ҷисми маҳкумшуда Ҳамза Икромзода, ки аз ҷониби Маркази тибби судии назди Вазорати тандурустии ҶТ гузаронида шуданд, далели истифодаи шиканҷа нисбати ӯро собит насохтанд. Коршиносон ба хулоса расиданд, ки маҳкумшуда бар асари худро ба дор овехтан фавтидааст. Наздикони Ҳ.Икромзода аз натиҷаи ташхиси мазкур қаноатманд нестанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста