Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор-2013» баргузор гардид.
Бино ба иттилои АНМН, дар кори ҷаласа аъзоёни Ситоди амалиёти «Кӯкнор-2013», Прокурори нақлиёти ҶТ, сардори РВКД дар нақлиёт, сардори раёсати КДАМ ҶТ, муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», сардори Раёсати назорати сарҳадии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ва сардорони раёсату шӯъбаҳои Агентӣ иштирок намуданд.
«Дар ҷаласа масъалаи мустаҳкам кардани назорат аз болои ҳаракати қатораҳо дар роҳи оҳан, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар кишварҳо ҳаракат менамоянд, муҳокима ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба пурзӯр намудани назорати ҳаракати қатораҳои мусофирбари Тоҷикистон бо мақсади пешгирии эҳтимоли қочоқи мухаддирот тасдиқ карда шуд» - изҳор мегардад дар иттилои Агентӣ.
Ба иттилои манбаъ, бо мақсади пешгирии қочоқи маводи нашъадор ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия тавассути қатораҳо пешниҳод шуд, ки бо кормандони КВД «роҳи оҳани Тоҷикистон» корҳои профилактикӣ, пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шаванд. Инчунин, ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия густариш дода шавад.
Зимнан зикр мегардад, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор-2013» баррасӣ кардани рафти иҷрои сифатноки чорабиниҳои ба нақша гирифташуда пешбинӣ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста