Кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ гумонбарони ҳодисаи куштор дар меҳмонхонаи «Шаҳрисабз»-и пойтахтро, ки шаби 27 ба 28-уми феврали соли равон рух дода буд, дастгир карданд.
Бино ба иттилои сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев, ин ҷиноят бар асари муноқишаи ду гурӯҳи ҷавонон ба вуқӯъ пайваста, он замон дар ҷойи ҳодиса аз зарби корд Саъдӣ Сатторов ҳалок ва Азим Асоев ба бемористон мунтақил шуда буданд. Ҷинояткорон дарҳол аз он макон ғайб зада буданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни як амалиёт гумонбарон Насим Муҳиддинов, Дилшод Наимов ва Ҳусейн Ҳамроқулов дар қаламрави шаҳри Душанбе ва Ҷаҳонгир Муродову Абдулҳаким Ахиев дар вилояти Суғд боздошт шудаанд.
«Абдулҳаким Ахиев аз ҷои будубоши шахсони содирнамудаи ин ҷиноят хабар дошта, бо гирифтани маблағи муайяни пулӣ гуманбаршудагонро пинҳон ва барои аз тафтишот ғайб задани ин нафарон мусоидат кардааст», - гуфт манбаъ.
Гуфта мешавад, ду нафари дигар Шералӣ Муродов ва Сайфулло Кабутов, ки аз тафтишот пинҳон гардида, марзи ҷумҳуриро тарк намуда буданд, чун гумонбаршудагони ин ҷиноят дар ҳудуди шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар натиҷаи амалиёти муштараки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳарду кишвар дастгир гардида, имрӯз ба Тоҷикистон интиқол дода шудаанд.
Зимнан зикр гардид, ки бо гузаронидани амалиёти зарурии фаврӣ-тафтишотӣ олоти ҷиноят-ду адад корд ва дигар далелҳои шайъӣ ёфта гирифта шуданд.
Айни ҳол нисбати чор нафар шахсони дигари содирнамудаи ҷиноят, ки аз тафтишот пинҳон шудаанд, кофтуков эълон гардида, тафтиши парвандаи ҷиноятии мазкур дар Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷинояти махсусан муҳими Прокуратураи генералии ҷумурӣ идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста