Суди Дубай шикояти кассатсионӣ нисбати иҷозати ба ватан истирдод шудани пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи-24» Умаралӣ Қувватовро санаи 18-уми август баррасӣ мекунад.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи декабри соли 2012 бо дархости ҳукуматдорони Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов дар фурудгоҳи Дубай боздошт шуд. Ба Аморати Муттаҳидаи Араб ӯ аз Маскав омада, минбаъд нияти сафар ба Брюсселро дошт.
Рӯзи 14-уми апрели соли равон суди Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб) дар бораи рухсати истирдоди пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов қарор қабул карда, ҳимоягари ӯ аз болои ин қарори суд шикояти кассатсионӣ бурд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Никодлай Николаев, адвокати Умарлӣ Қувватов хабар дод, зерҳимояи ӯ айни замон дар ҳуҷраи яккасаи тавқифгоҳи муваққатии Дубай нигаҳдорӣ мешавад ва ҷониби ҳимоя мутмаин нест, ки ба озодии Қувватов муваффақ гардад. «Чизеро интизорӣ доштану тахмин кардан мушкил аст. Чун ҳамешагӣ ба беҳтару хуб сурат гирифтани қазия умедворӣ дорем», - зикр кард Николаев.
Ҳукуматдорони Тоҷикистон ӯро ба дар содир намудани як қатор ҷиноёт, аз ҷумла қаллобӣ муттаҳам медонанд. Дар саҳнаи сиёсӣ Умаралӣ Қуватов тобистони соли гузашта пайдо шуд. Ӯ ба шаҳри Маскав ҳиҷрат намуда, дар он ҷо ҳаракати «Гурӯҳи 24»-и мухолиф ба ҳукумати кунунии Тоҷикистонро таъсис дод. Қувватов худро яке аз мухолифини пурқуввати президенти амалкунандаи ҶТ Эмомалӣ Раҳмон мешуморад.
Қаблан дар видеохостинги Youtube сабти тозаи аудиоии пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов дар чаҳор қисмат гузошта шудааст, ки дар он ӯ оид ба аз кадом сифатҳо бархӯрдор будани номзади имконпазир ба мансаби президенти Тоҷикистон изҳори назар мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста