Бузургмеҳр Ёров, ҳимоятгари раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ изҳор намуда, ки онҳо посухи шикояти кассатсионии худ ба қарори суди шаҳри Душанберо интизоранд.
Ба қавли адвокат, агар эътироз рад карда шавад, онҳо ба Суди олӣ, сипас ба Суди конститутсионӣ ва дар сурати дар мақомоти судии Тоҷикистон ҳаллу фасл нагардидани ин масъала, дар ниҳояти кор ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ шикоят бурданианд.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январи соли равон адвокати раиси ҲНИТ Бузургмеҳр Ёров аз болои қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бобати аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ тавассути ВАО аз мақомоти шаҳрдории пойтахт узр пурсидан ба суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ бурд. Ҳамчунин суд даъвои муқобили даъвои сиёсатмадор нисбати мақомоти шаҳрдорӣ дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми 20 млн. сомониро низ рад карда буд.
Ахири моҳи апрел суди шаҳри Душанбе шикояти адвокат нисбат ба қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба ин масъаларо рад кард. Адвокати Кабирӣ низ аз болои ин қарор шикоят бурда, мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, дар муддати ду моҳ аз санаи пешниҳоди эътироз, суд бояд қарори худро содир намояд.
Қобили зикр аст, ки даҳаи сеюми моҳи январ намояндагони ҳимояи пешвои ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ҳудуди сад нафар сокинони пойтахтро, ки аз буридани дарахтон дар шаҳри Душанбе изҳори норозигӣ мекунанд, ба сифати шоҳидон ба мурофиаи судӣ оид ба баррасии даъвои мақомоти шаҳрдории пойтахт нисбати раиси ҲНИТ даъват карданӣ буданд.
Нимаи дуюми моҳи ноябри соли гузашта мақомоти шаҳрдории Душанбе нисбат ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ дар робита ба интиқоли ӯ аз буридани дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъво пеш овард. Мақомоти шаҳрдории пойтахт дар даъвои худ ба суд талаб кардааст, ки М.Кабирӣ расман аз мақомоти шаҳрдорӣ узр бипурсад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста