Субҳи имрӯз дар оташдонҳои махсуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд беш аз 200 кило маводи мухаддир нобуд карда шуд.
Тавре аз Раёсати мазкур хабар доданд, аз 205 кило маводи мухаддири оташзада 139 килояшро маводи нашъаовари ҳашиш, 50 килояшро афюн ва зиёда аз 14 килояшро маводи сахттаъсири героин ташкил доданд.
Ба иттилои манбаъ, маводи мухаддири нобудшуда ба сифати далели шайъӣ дар 11 парвандаи ҷиноӣ истифода шуда, ҳукми суд нисбати онҳо мавриди амал қарор гирифтааст.
Зимнан зикр гардид, ки дар маросими нобудсозии маводи мухаддир ҳайати комиссияи махсус, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва рӯзноманигорон ҳузур доштанд.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста