Зимни як амалиёти кормандони Раёсати ВКДҶТ дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини ноҳияи наздимарзии Ҳамадонӣ Сафаралӣ Қутбиддинови 34-сола боздошт шуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 18-адад халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилашон 9 килою 088 грамм маводи нашъадори «бангдона» буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони ҳамин Раёсат бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор сокини шаҳри Ваҳдат шаҳрванд Ҳавасмоҳ Холоваи 36-сола низ боздошт шудааст, ки аз ҳавлии истиқоматиаш 41 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста