Кормандони Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ аз интиқоли миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир аз ВМКБ ба вилояти Суғд дар ҳаҷми 123 кило ҷилавгирӣ намуданд, ки аз ин миқдор 101,5 килояшро ҳашиши тар, ҳудуди 19 килояшро ҳашиши қоқ ва наздик ба 3 килояшро героин ташкил медиҳад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарнозири хадамоти матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Нурулло Шарифов хабар дод, тибқи маълумоти пешакӣ ин маводи мухаддир ба ронандаи автомашинаи КамАЗ шаҳрванд А.Холов тааллуқ дошта, ӯ онро дар пинҳонгоҳи автомашина аз ВМКБ ба вилояти Суғд интиқол доданӣ будааст. «Гумонбаршуда боздошт ва айни замон баёнот медиҳад», - гуфт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.
Қобили зикр аст, ки соли равон кормандони гумрук аз 14 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуда, беш аз 168 кило маводи мухаддиррро ошкор ва мусодира карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста