Дар Аморати Муттаҳидаи Араб як тоҷири тоҷик барои кӯшиши қатли собиқ ҳамсараш ба 5 соли зиндон маҳкум гардид.
Бино ба маълумоти Gulfnews.com ., суди зинаи таҷдиди назари Дубай шикояти ӯ аз болои қарори судро рад ва онро бетағйир боқӣ гузоштааст. Пас аз адои муҳлати ҷазо шаҳрванди Тоҷикистон Ҷ.С. ба ватан истирдод хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон Ҷ.С. собиқ ҳамсараш, ҷавонзани 19-солаи тоҷикро аз ошёнаи 2-юми яке аз хонаҳои шаҳри Дубай ба поин афкандааст. Номбурда иқрор шудааст, ки занашро куштанӣ будааст.
Дар суд тасдиқ шудааст, ки ҳангоми содир намудани ҷиноят айбдоршаванда дар ҳолати мастӣ аз машрубот қарор доштааст. Барои ин амал маҳкумшуда ҳамчунин ба маблағи 2 ҳазор дирҳам (ҳудуди 550 $) ҷаримабандӣ шудааст.
Маҳкумшуда айбро рад намуда, изҳор доштааст, ки собиқ ҳамсараш худ ба ин амал даст задааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста