Чанд рӯз қабл дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ миёни бинокорони Чин ва сокинони шаҳри Панҷакент муноқиша рух дод. Муноқиша шомгоҳон дар тарабхонаи «Суғдиён» ба вуқӯъ пайваста, 8 нафар шаҳрвандони Чин боздошт шудаанд.
Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ» , рафтори номуносиби бинокорони Чин пас аз истеъмоли пиво ба муноқиша боис гардидааст. Аз рӯий ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, айни замон аз 8 нафари боздоштшудаи шаҳрвандони Чин 6 нафарашонро раҳо кардаанд.
Дар робита ба шарҳи қазияи мазкур ОИ «Азия-Плюс» ба муовини сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент Ҷамшед Раҳимов муроҷиат намуд, вале ӯ аз пешниҳоди маълумот дар ин маврид худдорӣ варзид.
Дар сафоратхонаи Чин дар Тоҷикистон низ дар ин робита хабар доданд, ки дар ин хусус маълумоте дар даст надоранд. Консули сафорат Дин Сзянвэй дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» зикр кард, ки маъмулан дар ин ҳолатҳо Вазорати корҳои дохилӣ дар муддати як шабонарӯз аз замони ҳодиса ба сафорат нота мефиристад.
«Аммо аз рӯзи муноқишаи эҳтимолан рухдода 3 рӯз сипарӣ шудаву ба сафорат ҳеҷ санаде нарасидааст ва аз ин рӯ, мушаххасан наметавонам бигӯям, ки ин муноқиша рух додааст ё на», - афзуд намояндаи сафорат.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста